Олимони тоҷик соҳиби патент оид ба тарзи барқароркунии партовгоҳҳои саноатӣ гардиданд
Аз рӯи натиҷаҳои ихтироотӣ, нахустпатент оид ба тарзи барқароркунии партовгоҳҳои саноатӣ дар феҳристи ихтироъҳои Евразия таҳти рақами 053809 аз 23 июни соли 2026 ба қайд гирифта шуд.
Бояд қайд намуд, ки ихтирооти мазкур аз ҷониби директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода ва ҳаммуаллифон Саидзода Вайсиддин, Фозилов Али, Давлатшоев Саломат пешниҳод гардидааст.